Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
200 сомонӣ арзон. Нархи "Ҳаҷ-2025" ва вақти сафари зоирон маълум шуд
Бинобар иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон дар соли 2025 арзиши сафар ба хонаи Худо барои ҳар зоири тоҷик 56 ҳазору 800 сомонӣ муайян шуда, Арабистони Саудӣ барои мавсими имсола ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.
Арзиши сафар ба ҳаҷ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муайян шуда, нисбат ба соли гузашта 200 сомонӣ арзон аст.
Гуфта мешавад, ки маблағи муайяншуда барои харидории билети ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхона дар Макка ва Мадина, таъмини хӯроки севақта, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо харҷ мешавад.
Сафари зоирон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки то нимаҳои моҳи июн давом мекунад.
Зимнан, таъкид шудааст, ки довталабони ҳаҷи фарзӣ танҳо тавассути Кумитаи дин сафар карда метавонанд, зеро мувофиқи қоидаҳои ҷорӣ ҳеч ширкати сайёҳие салоҳият ва имконияти сафарбарнамоӣ зоиронро надорад. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд