Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Русия: “Теҳрон бар ивази лағви таҳримҳо мумкин аст, маҳдудиятҳои атомиро қабул кунад”
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Мария Захарова дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҳаратз”-и Исроил гуфтааст, ки Теҳрон эҳтимол бар ивази лағви таҳримҳо маҳдудият дар барномаи атомиашро қабул кунад. Ӯ гуфтааст, ки Русия ва Амрико бояд аз “нуфуз”-и худ барои ҳалли “мушкилоти минтақавӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна” истифода кунанд.
Мария Захарова бо ишора ба масъалаи ҳастаии Эрон таъкид кардааст, ки қабули як равиш ба мисли Барномаи иқдоми ҷомеъи муштарак” (БАРҶОМ) метавонад “барои суботи вазъияти мавҷуд судманд бошад”.
“Мо омодаем, барои коҳиши низоъ ва пайдо кардани роҳи ҳалли устувор, ки имкони расидан ба созишномаи муассир ва дарозмуддатро фароҳам кунад, бо Теҳрон ва дигар ҷонибҳои даргир ҳамкории наздик дошта бошем” – гуфтааст Мария Захарова.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Мария Захарова дар суҳбат бо ин рӯзномаи исроилӣ гуфтааст, ки Русия барои анҷоми музокироти ҷудогона бо Амрико дар хусуси барномаи ҳастаии Эрон барномарезӣ мекунад. Ӯ гуфтааст, ки мавқеи Аврупо монеи пешрафти музокироти атомӣ шудааст.
Ҳафтаи гузашта хабаргузории “Блумберг” навишт, ки Владимир Путин ба дархости Доналд Трамп дар бораи гуфтугӯ дар робита ба барномаи атомии Эрон посухи мусбат додааст. Ин расона навишт, ки Доналд Трамп аз Владимин Путин хостааст, ки миёни Теҳрон ва Вашингтон миёнҷигарӣ кунад. Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи наздик ба ҳукумати Русия низ ин хабарро тасдиқ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд