«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Беш аз 13 ҳазор. Таҳсили духтарони тоҷик дар хориҷи кишвар
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар қайд карданд, ки дар ҳоли ҳозир зиёда аз 13 ҳазор нафар духтари тоҷик дар мактабҳои миёна ва олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил карда истодаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ҳоло дар умум 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони тоҷик дар 42 давлати дунё таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 30 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Гуфта шуд, ки ҳоло 100 ҳазор духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул мебошанд.
Сарвари давлат илова намуданд, ки танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд.
Гузашта аз ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтар баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд.
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад