3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:17, Душанбе
07.03.2025 11:41

Мутахассисони мушакии Русия ба Эрон сафар кардаанд

Рейтерз аз қавли манобеи худ хабар додааст, ки ҳафтаи гузашта якчанд мутахассиси мушакии Русия аз пойгоҳҳои мушакии Эрон, ки дар масофаи 15-километрии ғарби бандари Амиробод ва соҳили эронии Баҳри Хазар ҷойгир аст, боздид кардаанд.

Нашри ин хабар дар ҳолест, ки Эрон ҳамкориҳои низомии худро тайи солҳои ахир бо Маскав густариш медиҳад. Ҳуҷҷатҳои марбут ба сафар ва маълумоти корӣ нишон медиҳад, ки чанд мутахассиси аршади мушакии Русия соли гузашта низ ба Эрон сафар кардаанд.

Тибқи иттилои Рейтерз ҳафт мутахассиси аслиҳа аз Маскав ба Теҳрон дар ду парвоз, яке 24-уми апрел ва дигаре 17-уми сентябри соли гузашта сафар кардаанд.

Як мақоми аршади Вазорати дифоъи Эрон низ тасдиқ кардааст, ки мутахассисони мушакии Русия соли гузашта чанд бор аз иншооти истеҳсоли мушакҳои Эрон боздид кардаанд. Онҳо аз ду пойгоҳи зеризаминӣ низ боздид кардаанд.

Таҳқиқи пойгоҳҳои иттилоотии Русия, ки маълумоти марбут ба шуғли шаҳрвандон, сабти андоз, рақами телефон ва мошинҳоро дар дар мегиранд, нишон медиҳад, ки ҳамаи ҳафт мутахассиси рус собиқаи баланди низомӣ доранд. Аз миёни онҳо ду нафар дорои рутбаи полковник ва ду тани дигар дорои рутбаи подполковник мебошанд.

Санадҳо нишон медиҳанд, ки ду нафар аз мутахассисони зикршуда дар системаи мушакии дифои ҳавоӣ тахассус доранд ва се нафари дигар дар соҳаи артиллерия ва мушакҳо мутахассис мебошанд. Як нафари онҳо дар рушди силоҳҳои пешрафта таҷриба дошта ва нафари дигар дар озмоиши мушакҳо фаъолият кардааст.

Мақомоти расмиии Эрон ҳанӯз сафари мутахассисони мушакии Русия ба Теҳронро тасдиқ накардаанд. Ҳамчунин, Вазорати дифои Русия низ ин мавзуъро тасдиқ накардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.