Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Мавсими нави футбол. 12 даста дар лигаи олии кишвар рақобат мекунанд
Пагоҳ, 7-уми март мавсими нави футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад.
Имсол дар Лигаи олии Тоҷикистон 12 даста, аз ҷумла, «Истиқлол», КМВА (Клуби марказии варзишии артиш), «Хуҷанд», «Эсхата», «Истаравшан», «Вахш», «Равшан», «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ», «Барқчӣ», «Панҷшер», ва «Ҳулбук» иштирок мекунанд.
Лигаи олии Тоҷикистон дар ду давра доир мешавад. Бозиҳои даври якум рӯзҳои 7-ум, 9-ум ва 10-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегарданд.
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи лигаи олӣ ҳар як даста 22 бозӣ доир карда, дастае, ки ҷойи 12-умро ишғол мекунад, ба лигаи якум интиқол меёбад ва дастае, ки мақоми 11-умро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Дар рӯзи якуми мусобиқа бошгоҳҳои КМВА - “Ҳосилот” ва “Истиқлол” ва “Хуҷанд” вориди майдон мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”