3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:18, Душанбе
04.03.2025 07:38

Тарс аз ифшои асрори технологӣ. Чин аз олимонаш хост ба Амрико ва кишварҳои “дӯст”-и он сафар накунанд

Роҳбарияти Чин барои пешгирӣ аз ифшои иттилооти махфӣ ва пешрафти технологияи Чин аз соҳибкорону пажӯҳишгарони барҷастаи ин кишвар оид ба зеҳни сунъӣ дархост намуд, ки аз сафар ба Амрико ва кишварҳои ҳампаймони он худдорӣ кунанд.

Ҳукумати Чин таъкид кардааст, ки соҳибкорону роҳбарони ширкатҳои бузурги чинӣ, ки дар самтҳои ҳассос, ба мисли роботтехника ва зеҳни сунъӣ фаъолият доранд, бахусус, аз сафар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои ҳампаймони он сарфи назар кунанд. Дар ин дархост зикр шудааст, ки фақат дар ҳолатҳои зарурӣ ба сафар ба ин кишварҳо иҷозат дода мешавад.

Инчунин, аз роҳбароне, ки қасди сафар доранд, дархост шудааст, пеш аз сафар нақшаҳои худро ба мақомот гузориш диҳанд ва баъди сафар ҳисоботи мулоқот ва фаъолияҳои худро пешниҳод намоянд.

Бар асоси гузориши расонаҳо мақомоти чинӣ ҳарос доранд, ки сафари пажӯҳишгарон ва роҳбарони ширкатҳои бузурги зеҳни сунъӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабаби ифшо шудани иттилооти муҳимми кишварашон мешавад.

Мақомоти чинӣ эҳтимоли боздошти пажӯҳишгарон ва роҳбарони ширкатҳои чинӣ ва истифодаи онҳо дар ҷараёни музокироти Чин ва Амрикоро хатарнок медонанд. Ин ҳушдор дар ҳоле садо медиҳад, ки дар солҳои гузашта мудири иҷроияи “Huawei” дар Канада, дар даври аввали президентии Доналд Трамп боздошт шуда буд.

Тибқи гузориши мақомоти Чин моҳи гузашта Лян Вэнфэн, асосгузори зеҳни сунъии DeepSeek даъватномаи ширкат дар нишасти зеҳни сунъӣ дар шаҳри Парижи Фаронсаро рад карда буд. Ҳамчунин, яке аз асосгузорони дигари стартапҳои бузурги зеҳни сунъии Чин соли гузашта баъди дарёфти дастури Пекин сафари худ ба Амрикоро лағв кард.

Ин дархост ва гузориши мақомоти Чин дар ҳоле сурат мегирад, ки Чин ва Амрико дар заминаи зеҳни сунъӣ рақобати шадид доранд. Дар моҳҳои ахир стартапи чинии DeepSeek модели зеҳни сунъиеро пешниҳод кард, ки тибқи гуфтаи ширкат, бо моделҳои зеҳни сунъии пешрафтаи Амрико, ба мисли  OpenAI ва Google рақобат мекунад. Модели чинии зеҳни сунъӣ ба далели нархи паст доштан аз моделҳои амрикоӣ пеш гузаштааст.

Чанде қабл Си Ҷинпин, президенти Чин дар нишасти нодир бо баъзе аз шахсиятҳои шинохтаи саноати технология аз онҳо хост, ки “истеъдоди худро нишон диҳанд” ва ба қудрати модел ва бозори Чин эътимод дошта бошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.