4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:48, Душанбе
10.07.2025 15:05

CNN: Трамп таҳдид кардааст, ки Маскав ва Пекинро бомбаборон мекунад

Шабакаи телевизионии “CNN” ба сабти аудиое дастрасӣ пайдо кардааст, ки дар он Доналд Трамп, президенти Амрико дар як ҳамоиши ҷамъоварии маблағ барои интихоботи соли 2024 мегӯяд, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Киев омода аст, Маскавро мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор диҳад. Ӯ гуфтааст, ин таҳдидро шахсан ба Владимир Путин расонида буд.

Бар асоси сабти аудиое, ки ба CNN ирсол шудааст, Трамп гуфтааст, “ба Путин гуфтам, агар ба Украина ворид шавӣ, Маскавро бомбаборон мекунам. Ман маҷбурам ин корро кунам. Ӯ ба ман гуфт, ки бовар надорад, вале ман медонам, ки 10 фоиз ба гапи ман эътимод дошт”.

Ба ҳамин монанд, Трамп гуфтааст, ки ба Си Ҷинпин, Президенти Чин низ ҳушдор додааст, ки дар сурати ҳамла ба Тайван Пекин ҳам мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор хоҳад гирифт. Ӯ изҳор доштааст, ки “ӯ фикр мекард, ман девонаам, вале мо ҳич гоҳ мушкиле надоштем”.

Ин изҳорот, ки ба гуфтаи CNN дар паси дарҳои баста ва дар маҳфилҳои гирдоварии маблағ садо додаанд, намунае аз рӯйкарди ҷангҷӯёнаи сиёсатҳои хориҷии Трамп мебошанд. Баъзе аз ин суханрониҳо дар китоби Ҷош Доси, Тайлер Пейҷер ва Айзек Арнсдорф нашр хоҳад шуд.

Трамп дар ҳамин чорабинӣ аз “бадарға кардан”–и донишҷӯёни эътирозгар аз кишвар ва саркӯби ҷонибдорони Фаластин сухан гуфтааст. Ӯ гуфтааст: “Ҳар донишҷӯе, ки эътироз кунад, аз кишвар хориҷ мешавад. Фикр мекунам, ҳамин роҳи пешгирии онҳо аст”.

Ҳамзамон, ӯ ба сармоядорони яҳудӣ ва дигар донорҳо пешниҳод карда, ки ба ӯ беш аз пеш маблағ диҳанд, то ҳаракатҳои мутаассибона ва “демократӣ” –ро ба ақиб ронад. Ӯ гуфтааст: “Агар ман интихоб шавам, ин ҳаракатҳоро аз 25 то 30 сол ба қафо мебарем”.

Аммо Ситоди интихоботии Трамп дар бораи ин сабтҳои аудиоӣ шарҳе надодааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо