5 Октябр 2026,
душанбе, 15:12, Душанбе
18.07.2025 17:58

Ду ноболиғи бепарастори тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

Ду шаҳрванди нобилиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия бидуни парастории волидайнашон монда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора, рӯзи чоршанбе хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 17-уми июл бо мусоидати бахши консулгарии Сафорат ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишвари мизбон, ин ду ноболиғ бар асоси созишномаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба баргардонидани ноболиғон ба кишварҳои иқомати доимӣ, ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Сафорат таъкид кардааст, ки дар ҷараёни раванди репатриатсия ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғонро таъмин мекунанд, пурра риоя шудаанд.

Ба хотири муҳофизати ҳуқуқи шахсӣ ва манфиати кӯдакон иттилоъ дар бораи ҳувият, ҳолати будубош ва сабабҳои бепарастор мондани онҳо ифшо намешавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки кор оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ, аз ҷумла ноболиғон, ба таври доимӣ идома дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.