4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:47, Душанбе
09.07.2025 11:15

Чиниҳо бо лазер ба ҳавопаймои олмонӣ ҳамла карданд

Киштии ҷангии Чин дар обҳои байналмилалии Баҳри Сурх бо лазер ба ҳавопаймои ҷосусии Олмон ҳамла кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Олмон сафири Чин дар Берлинро даъват карда, ин иқдоми Чинро маҳкум кардааст. Чин бошад, ин иттиҳомро рад менамояд.

Бар асоси гузориши “Информатсияи онлайн” бо такя ба рӯзномаи “Гардиан” Олмон сафири Чинро ба далели истифодаи лазер барои ҳадаф қарор додани ҳавопаймои олмонӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Олмон даъват намудааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Олмон сафири Чин дар Берлинро даъват карда, гузориш додааст, ки артиши Чин аз лазер барои ҳадаф қарор додани тайёраи олмоние, ки дар амалиёти Иттиҳоди Аврупо ба номи “Aspides” ширкат дошт, истифода кардааст. Ин амалиёт ба ҳифзи киштиронӣ дар Баҳри сурх кумак мекунад.

Хабаргузории “Рейтерз” гузориш дод, ки Вазорати дифои Олмон эълон кардааст, ин ҳавопаймо, ки дар амалиёти ASPIDES-и Иттиҳоди Аврупо барои ҳифзи масирҳои байналмилалии баҳрӣ дар Баҳри Сурх иштирок дорад, аз моҳи октябр дар ҳоли кумак ба як платформаи чандҳисгар ё “чашми паранда” барои шиносоии минтақа будааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Олмон гуфт, ки як киштии ҷангии чинӣ, ки чандин бор дар ин минтақа бо он рӯ ба рӯ шуда буд, бе ягон сабаб ё иртиботи қаблӣ ҳавопайморо дар вақти парвози маъмулии миссия бо лазер ҳадаф қарор додааст. Ин ҳодиса дар аввали моҳи июл рух додааст. Ӯ гуфт: “Истифодаи лазер аз ҷониби киштии ҷангӣ амнияти кормандон ва таҷҳизотро ба хатар андохт. Парвози миссия ба унвони як чораи эҳтиётӣ лағв шуд ва ҳавопаймо ба саломат ба пойгоҳе дар Ҷибутӣ фуруд омад”.

Кишвари Чин қаблан иттиҳомҳои тирандозӣ ва ё ҳадафгирӣ бо лазер ба сӯйи ҳавопаймоҳои амрикоиро рад карда буд. Ин ҳодиса, ки дар миёни Чин ва як аъзои НАТО рӯй медиҳад, ғайриодӣ ба назар мерасад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо