4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:48, Душанбе
18.07.2025 11:20

Кохи сафед: Трамп ба норасоии музмини варидӣ мубтало шудааст

Кохи сафед рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки натиҷаи ташхиси ултрасадо дар пойҳо ва дасти Доналд Трамп, президенти Амрико нишон додааст, ки ӯ ба норасоии музмини варидӣ мубтало шудааст. Ин беморие, ки бештар дар миёни афроди синнашон аз 70 боло мушоҳида мешавад.

Кэролайн Левитт, сухангӯи Кохи сафед гуфт, ки “ҳеч нишонаи бемориҳои ҷиддитар, аз ҷумла бемории шараёнӣ” дар Трамп мушоҳида нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси муоинаҳои иловагӣ, табибон ҳамчунин, нишонае аз норасоии дил, ихтилоли гурда ё бемориҳои системавии бадан дарёфт накардаанд.

Левитт илова кард, ки Президент Трамп “ҳич гуна дард ё нороҳатии ҷиддӣ” эҳсос намекунад ва вазъи саломатии ӯ муътадил арзёбӣ шудааст.

Хабари ба бемории музмини варидӣ мубтало шудани Доналд Трамп дар ҳолест, ки дар гузашта вазъи саломатии Ҷо Байден, президенти собиқи Амрико яке аз мавзуъҳои баҳсбарангези расонаҳо буд. Доналд Трамп борҳо гуфта буд, ки Ҷо Байден бояд аз ташхиси ҷиддии тиббӣ гузарад, то мардум мутмаин шаванд, ки ӯ аз сиҳати комил бархӯрдор аст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо