Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Паёми шодбошии Президент: “Ин моҳ арзишу ҳикматҳои зиёди сабақомӯз дорад”
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон таъкид карданд, ки садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон яке аз амалҳои хайре мебошад, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст.
Пешвои миллат афзуданд, ки дар моҳи мубораки Рамазон ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон, оилаҳои камбизоат ва шахсони басаробон дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии мамлакат ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум саҳм гузоштан бисёр муҳим мебошад.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак ба ҳамдигар меҳрубон бошанд, ба эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз кунанд, сари ятимонро сила намоянд, бо хешу ақрабо, ҳамсояҳо, ёру дӯстон муносибати хуб дошта бошанд ва аз дилҳои худ кинаю адоватро дур намоянд.
“Моро зарур аст, ки забони покиза ва муомилаи нек бо ҳамсояҳо, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба калонсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳем”, - қайд карданд Роҳбари давлат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”