Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
28.02.2025 13:23
Лағзиши тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ боиси марги як нафар шуд
Ҳодисаи фоҷиавии лағзиши тарма 26-уми феврали соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар минтақаи Зимарғи ноҳияи Айнӣ рух дод. Тарма як мошини тамғаи мерсадес-бенсро зер кард, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расид.
Шахси баҳалокатрасида, Шуҳрат Муминов, сокини 34-солаи деҳаи Дурманбулоқи ноҳияи Варзоб мебошад.
Наҷотдиҳандагон ва наздикони шахси фавтида 27-уми феврал амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро анҷом дода, ҷасадро аз зери тарма берун оварданд.
Бо назардошти вазъи ноустувори кӯҳҳо ва хатари лағзиши тарма Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи Тоҷикистон ба ронандагон ва мусофирон тавсия медиҳад, ки бе зарурати шадид аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
29.09.2026 10:37
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 09:10
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
28-уми сентябр дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Фаластин бозии дӯстона анҷом дод.
29.09.2026 07:07
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 17:21
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия, рӯзи душанбе гуфт, Украина барои ҳамлаҳои ахираш ба зерсохторҳои энергетикӣ ва иншооти саноатии Русия “посух хоҳад дод”.
28.09.2026 17:09
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иттиҳоди Аврупо 10 шахс ва 17 ниҳоди марбут ба Русияро ба феҳристи таҳримҳои худ ворид кард.
28.09.2026 15:34
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11
Президенти Сербистон истеъфо дод
Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08
Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард
Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:41
Дар ҳамлаи мушакии Эрон дар Ҳурмуз 8 низомии Амрико захмӣ шуданд
Шабакаи телевизиони “NBC”-и Амрико бо такя ба мақомоти амрикоӣ хабар дод, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба як киштии Амрико дар тангаи Ҳурмуз 8 сарбози баҳрии Амрико захмӣ шудаанд.
28.09.2026 08:33
Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ
27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.