


Чор голи беҷавоби “ПСЖ”. Оё “Реал Мадрид” аз ин бозӣ дарс мегирад?

Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд

Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” ҳунарнамоӣ мекунанд

Ҷозибаҳои табиат ва таърихи Хатлон дар соли 2025 беш аз ним миллион гардишгарро ҷалб кардааст
25.02.2025 14:25
Расман: Якуми март – рӯзи якуми моҳи Рамазон
Тибқи иттилои Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон рӯзи якуми март фаро мерасад.
Манбаъ меафзояд, ки дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарори дахлдор қабул шудааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфта шуд, ки имсол маблағи фитри рӯза 8 сомонӣ, нисоби закот аз 36 ҳазор сомонӣ 900 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ 480 сомонӣ барои 30 рӯз, барои як рӯз 16 сомонӣ муқаррар шудааст.
Гуфта мешавад, ки маблағи фитри рӯза, закот ва фидя нисбати соли гузашта зиёд шудааст.
Инчунин, дар қарори ҷаласаи Шӯрои уламои Тоҷикистон омадааст, ки бо мақсади паст намудани сатҳи камбизотӣ садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
11.07.2025 10:26
Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни тамоси телефонӣ бо Антониу Кошта, раиси Шурои Аврупо дар хусуси вазъияти байналмилалӣ ва робитаҳои миёни Эрону Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ кард. Ӯ таъкид кард, ки такрори ҳар гуна таҷовуз бар зидди Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
11.07.2025 10:10
Кори расмӣ дар Кореяи Ҷанубӣ. Аз корҷӯёни тоҷик чӣ талаб карда мешавад?
Агентии бакортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки барномаи нави ҷалби шаҳрвандони кишвар барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ оғоз шудааст.
11.07.2025 10:08
Чор голи беҷавоби “ПСЖ”. Оё “Реал Мадрид” аз ин бозӣ дарс мегирад?
Дар даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дастаҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Реал Мадрид” рақобат карданд, ки дар натиҷа дастаи фаронсавӣ ба дарвозаи тими испанӣ чор голи беҷавоб зад.
11.07.2025 08:59
Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тадбирҳои фаъолро барои пешгирии фаъолияти фолбин ва ҷодугарҳо идома медиҳад, то ин навъи фаъолияти ғайриқонунӣ пурра решакан гардад.

11.07.2025 08:52
Чин ва Ӯзбекистон мехоҳанд роҳи оҳани бисёрсамтаи Осиёи Марказиро густариш диҳанд
Вазирони нақлиёти Чин ва Ӯзбекистон дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба ба ҳамкориҳои зерсохторӣ ва густариши лоиҳаҳои роҳи оҳан ва роҳҳои бисёрсамта дар доираи робитаҳои стратегии миёни ду кишвар таъкид намуданд.
11.07.2025 08:43
Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Гулназар Келдӣ. Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат хабар медиҳад, имрӯз, 11-ум июл сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.
10.07.2025 15:34
Тим Бурчет: “Амрико дар ҳар ҳафта ба Толибон 20 миллион доллар пул мефиристад”
Дар идомаи интиқодҳо аз сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Афғонистон Тим Бурчет, намояндаи Ҷумҳурихоҳони Конгресси Амрико аз кумакҳои молии доимии Вашингтон ба гурӯҳи террористии Толибон парда бардошт. Ӯ эълон кард, ки давлати Амрико ҳар ҳафта 40 миллион доллар ба Толибон ирсол мекунад. Рақаме, ки ба гуфати ӯ, дар маҷмуъ то кунун ба тақрибан 5 миллиард доллар расидааст.
10.07.2025 15:20
Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад
Бонки миллии Қазоқистон бо ташаббуси яксилсила сиёсати нав ба дунболи табдили Қазоқистон ба қутби блокчейн дар Осиёи Марказӣ аст. Ин иқдом дар чорчӯби ташаккули захираи миллии дороиҳои рақамӣ, ки дорои криптовалютҳои мусодирашуда ва истихроҷшуда аз сӯи давлат хоҳад буд, рӯи даст гирифта шудааст.
10.07.2025 14:52
Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” ҳунарнамоӣ мекунанд
Тибқи иттилои дастрас, 22-юми июли соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” доир мегардад.
10.07.2025 11:19
БРИКС низоми якқутбии Ғарбро бо низоми бисёрқутбии одилона иваз мекунад
Дар пойтахти Бразилия Саммити солонаи БРИКС бо ширкати роҳбарони кишварҳои аъзо ва кишварҳои нозир доир гардид. Ин нишаст, ки дар фазои тантанавӣ ва пур аз мубоҳисаҳои муҳим сурат гирифт, ба баррасии масъалаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйироти иқлим ва амнияти байналмилалӣ бахшида шуд. Суханронии роҳбарони кишварҳо, аз ҷумла президентҳои Русия, Чин, Бразилия ва намояндагони Ироқ, ки ба ҳайси узви нозир ширкат доштанд, мавзуъҳои калидии рӯзномаи ҷаҳониро рӯшан намуданд.
10.07.2025 11:04
Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба рушди “иқтисоди сабз” ва гидроэнергетика таъкид карданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид. Дар ин ҳамоиш сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров ширкат намуда, дар ҳузури доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ суханронӣ намуданд.
10.07.2025 10:55
Толибон аз Қазоқистон хост ин гурӯҳро ба расмият шиносад
Сафири гурӯҳи террористии Толибон дар Остона Муҳаммад Раҳмон дар мулоқот бо намояндаи хоси президенти Қазоқистон Эркин Туркумов хост, ки ба мисли Федератсияи Русия ин гурӯҳро ба расмият шиносанд.