«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
“Рейд”-и вазир: вазъ дар баъзе кӯдакистонҳо нигаронкунанда аст
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зимни боздид аз чанд муаассисаи таълимии томактабӣ ба камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории мудирони муассисаҳо, дар сатҳи зарурӣ набудани корҳои таълимию тарбиявӣ ва ободонӣ, вайрон шудани интизоми меҳнат дучор омадааст.
Бинобар иттилои маркази матбуоти вазорат дар Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №114-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар он 376 нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шудаанд, зимни боздид маълум гардид, ки мудири боғча Ёқубзода Дилором бе сабабҳои узрнок дар ҷойи кор ҳузур надошт. Инчунин, ҳолати таълиму тарбия дар кӯдакистон нигаронкунанда буда, дар синфхонаҳои ошёнаи якуми муассиса умуман кӯдакон бе ҳузури мураббия қарор доштанд. Камтаваҷҷуҳӣ дар муассисаи мазкур низ то ба ҳаддест, ки номи муассиса дар ҷое навишта нашудааст.
Манбаъ меафзояд, ки ҳолати интизоми меҳнат дар Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ - кӯдакистони №89 «Буратино»-и ноҳияи Сино нигаронкунанда буда, мудири боғча Турдиева Сайёра дар вақти корӣ дар муассиса ҳузур надошт. Набудани роҳбарияти муассиса дар вақти корӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба интизоми меҳнат боис шудааст, ки таълимдиҳандагон дар вақти корӣ ба ҷойи таълим ба кӯдакон ва назорат намудани онҳо ба дигар корҳо машғул шаванд. Кӯдакистони мазкур 260 нафар кӯдакро ба таълим фаро гирифта
Дар хабарнома зикр шудааст, ки вазири маориф ва илм зимни боздид вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар самти интизоми меҳнат, раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонӣ нигаронӣ карда, таъкид доштааст, ки роҳбарият ва мураббияҳои боғчаҳо бояд дарк намоянд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ замина ё худ таҳкурсии асосӣ баҳри ояндаи насли наврас мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад