3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:17, Душанбе
21.02.2025 11:58

Сергей Лавров: “Душаҳрвандӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон посухгӯ аст”

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар ҷаласаи ҳукумат дар Думаи давлатӣ гуфт, ки созишномаи душаҳрвандӣ миёни Русия ва Тоҷикистон муфид аст ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳарду кишварро бароварда месозад.

Сергей Лавров таъкид кард, ки созишномаи амалкунанда муфиду баробарҳуқуқ  аст ва ба манифати шаҳрвандони Тоҷикистон посухгӯ мебошад. Ӯ афзуд: “Албатта, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бештар мебошанд, вале манифатҳои шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд низ, дар назар гирифта мешавад, зеро ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо муҳим аст”.

Сергей Лавров ба санаи таърихии имзои санади созишномаи душаҳрвандӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ишора карда, таъкид намуд, ки созишномаи зикршуда дар даврони хотимаёбии Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1996 ба имзо расид ва то ба имрӯз нақши муҳимму муфидро дар таҳкими робитаҳои дуҷониба иҷро мекунад. Сергей Лавров ба як банди созишнома оид ба хизмати довталабона дар артиш ишора намуда, таъкид кард, ки ин тасими дутарафа мебошад.

“Ҳарчанд шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон хеле каманд, онҳо ба монанди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз шароити яксон бархӯрдоранд” – гуфт Сергей Лавров.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.