3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:17, Душанбе
20.02.2025 17:29

Сергей Лавров мухолифи низоми раводид бар зидди муҳоҷирони меҳнатӣ аст

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров таъкид кард, ки сахттар намудани низоми сафар ва ҷорӣ кардани раводид барои муҳоҷирон мухолифи манфиатҳои дарозмуддати Русия мебошад.

“Мо ба ин назарем, ҳар гуна сахт кардани муносибати мо бар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Қафқоз ва кишварҳои Шӯравии пешин, ба манфиатҳои дарзмуддати мо мусоидат нахоҳанд кард. Албатта, назорати тартибот муҳим аст. Ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ сабт шудаанд, вале мо бар он ҳастем, бояд назоратро тақвият кунем, на ин ки эҷод намоем - махсусан бо ҷорӣ намудани низоми раводид”- гуфт Сергей Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия таъкид кард, ки чораҳои назоратӣ пурзӯр карда мешавад ва ин ба маънои маҳдуд сохтани муҳоҷирати меҳнатӣ нест.

Дар солҳои ахир мақомоти кишвари Русия чораҳои шадиди назорат ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишварро ҷорӣ кардаанд. Тибқи иттилои расонаҳо, шумори ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия дар соли ахир афзоиш ёфтааст.

Федератсияи Русия бо қабули як қатар қонунҳои сахтгирона, ки ҳузури муҳоҷирони меҳнатиро танзим мекунад, назорат бар зидди муҳоҷиронро пурзӯр менамояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.