Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
“Истиқлол” дар финал. Кадом даста барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон мешавад?
Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 миёни бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Панҷшер” доир гашт, ки бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт.
Дар дидори мазкур, ҳарду голи “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 18-ум ва 75-ум ба дарвозаи “Панҷшер” ворид кард.
Гуфта мешавад, ки бошгоҳи “Истиқлол” бо шикаст додани дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба финали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 роҳ ёфт. Акнун, 22-юми феврал дар финал “Истиқлол” ва КМВА рақобат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ба барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дар баробари ҷом, 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Ғолиби медали нуқра бошад, бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2024 бошгоҳи “Равшан”-и Кӯлоб бо ғалабаи тими “Ҳосилот” барандаи ҷоми мазкур шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”