Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Афзоиши ҷойи кор ва касбомӯзии 280 ҳазор нафар
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши ҷойи кор, касбомӯзии калонсолон, ярмаркаҳои ҷойҳои кор ва таъмини аҳолӣ ба кор дар кишвар гуфт.
Бинобар иттилои масъулин, давоми соли гузашта дар ҷумҳурӣ 247 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 16,4 ҳазор ё 7,1 фоиз зиёд мебошад. Афзуда шуд, ки 108,6 ҳазор ҷойи кор ба соҳаи кишоварзӣ, шикор, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ ва 39,6 ҳазор ҷойи кор ба соҳаи сохтмон рост меояд.
Дар нишаст зикр гардид, ки соли 2024 тақрибан 148,5 ҳазор нафар ба мақомоти шуғли аҳолӣ муроҷиат карда, 112,5 ҳазорашон ҳамчун корҷӯ ва 64,6 ҳазор нафар мақоми бекорро гирифтаанд.
Дар ҳамин давра, 911 ярмаркаи ҷойҳои кор ташкил шуда, дар онҳо 22,5 ҳазор корҷӯ иштирок намуданд, ки аз ин шумора 12,5 ҳазор нафар ҷойи кор пайдо карда, 8 ҳазор нафар аз давраҳои таълимӣ гузаштаанд ва 1982 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки 280 ҳазор калонсолон аз давраҳои таълими касбӣ, аз ҷумла зиёда аз 86 ҳазор нафари онҳо аз курсҳои омодагии дубора ва такмили ихтисос гузаштаанд. Гуфта шуд, ки таълимгирандагони курсҳои махсус, асосан, касбҳои, дӯзанда, устои барқ, қаннод, челонгар ва кормандони иҷтимоиро аз худ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”