Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Дар соли 2024 дар Душанбе миллиардҳо сомонӣ сармоягузорӣ шудааст
Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки дар соли 2024 ҳаҷми сармоягузорӣ дар шаҳр ба 6,2 миллиард сомонӣ расидааст. Ӯ таъкид кард, ки ҳаҷми сармоягузорӣ нисбат ба соли 2023 40% бештар мебошад.
Муовини якуми раиси шаҳр таъкид кард, ки қисми зиёди сармоягузориҳо аз бахши хусусӣ ворид шудааст, яъне 3,9 миллиард сомонӣ ё 63 %. Сармоягузории давлатӣ бошад, 1,7 миллиард сомониро ташкил додааст.
“Афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳо шаҳодати болоравии эътимоди сармоягузорони хусусӣ ва хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад”- таъкид намуд муовини якуми раиси шаҳри Душанбе.
Бахтиёр Шарифӣ ҳамчунин, афзуд, ки сармоягузориҳо асосан ба рушди инфрасохтор, сохтмони манзил, навсозии шабакаҳои коммуналӣ ва дастгирии лоиҳаҳои саноатӣ равона шудаанд.
Қаблан, мақомоти шаҳри Душанбе доир ба нақшаи беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ, аз ҷумла соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва фароҳам кардани шароити мусоиди соҳибкорӣ хабар дода буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”