«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Норасоии кадрӣ. Омӯзгорони ғариихтисос ва воҳидҳои кории холӣ
Муҳаммадтоир Саидзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз норасоии кадрӣ ва омӯзгорони ғайриихтисос гуфт.
Номбурда афзуд, ки дар натиҷаи аттестатсияи давлатӣ муайян гардид, ки дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 4818 соати таълимии вакант ё 216,5 воҳиди кории холӣ мавҷуд аст. Илова бар ин, гуфта шуд, ки ҳоло 340 нафар ғайриихтисос ба фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд ва инчунин, шумораи донишҷӯёне, ки ба ҳайси омӯзгор ҷалб гардидаанд 700 нафарро ташкил медиҳад.
Бинобар иттилои масъулин, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ норасоии кардӣ вуҷуд дорад ва шумораи он 3479 нафар мебошад.
Тибқи иттилои дастрас, давоми соли гузашта аз ҷониби сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва раёсату шуъбаҳои минтақавии агентӣ дар 1156 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 142 муассисаи томактабӣ, 22 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 32 мактаби санъат, 2 мактаби мусиқӣ, 37 мактаби варзишӣ, 2 мактаби рассомӣ, 12 мактаби рушди истеъдодҳо, 9 маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, 862 муассисаи таҳсилоти умумӣ, инчунин 25 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, илмӣ ва илмӣ-техникӣ аттестатсияи давлатии гузаронида шудааст.
Ҳамчунин, зимни нишаст зикр гардид, ки дар соли 2024 фаъолияти таълимии кӯдакистони ҶДММ «Парвози тобон» дар шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишафзо» дар ноҳияи Дӯстӣ бо дархости муассисон қатъ карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад