Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
100 ҳазор сомонӣ. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 кай доир мешавад?
Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 10-ум то 22-юми феврал марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 дар Душанбе доир мегардад.
Манбаъ мегӯяд, ки маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, барандаи Ҷоми Федератсия дар баробари ҷом, инчунин, соҳиби 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мешавад. Ғолиби медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Марҳилаи ниҳоии ФФТ-2025 чунин аст:
«Истиқлол» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Саразм» (Панҷакент), «Сомон» (Данғара) шомили гурӯҳи «А» ва дар гурӯҳи «Б» КМВА (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ҷой гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишони нуқра ва КМВА барандаи нишони биринҷии мусобиқа гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”