Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Эҳтимоли баланд шудани арзиши қувваи барқ дар кишвар
Бинобар иттилои Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ эҳтимоли баланд шудани арзиши қувваи барқ вуҷуд дорад.
Тибқи иттилои дастрас, пешниҳоди баланд бардоштани арзиши қувваи барқ аз ҷониби “Барқи тоҷик” ба Хадамоти зиддинҳисорӣ ворид шудааст ва ин ниҳод пас аз баррасии масъала дар бобати баланд бардоштани арзиши тарифҳои истеҳсоли нерӯи барқ таклифҳоро пешниҳод кардааст. Илова бар ин, аллакай пешниҳоди мазкур аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ба Ҳукумати кишвар ирсол гардидааст.
Сафаралӣ Қурбонзода афзуд, ки дар мавриди баланд шудани нархи қувваи барқ дар ҳоли ҳозир қарори дахлдоре ба тасвиб нарасидааст ва чӣ қадар баланд шудани он ҳам маълум нест. Балки пас аз ҳисоб кардани хидматрасониҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ арзиши ниҳоӣ маълум мешавад.
То ҳол маълум нест, ки тарифҳо барои кадом қишри истифодабарандагони нерӯи барқ баланд карда мешаванд, аммо бояд гуфт, ки бори охир моҳи январи соли 2024 аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам баланд шуда буд.
Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ масъулин иттилоъ доданд, ки соли 2024 аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар якчанд субъекти хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 5 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд