


Чор голи беҷавоби “ПСЖ”. Оё “Реал Мадрид” аз ин бозӣ дарс мегирад?

Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд

Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” ҳунарнамоӣ мекунанд

Ҷозибаҳои табиат ва таърихи Хатлон дар соли 2025 беш аз ним миллион гардишгарро ҷалб кардааст
Бозгашти барномаи "Имшаб" пас аз се сол
Мубориз Усмонов, ровӣ ва сарояндаи шинохта баъди танаффуси сесола дуюмбора барномаи "Имшаб"-ро дар YouTube нашр кард.
Мавсими нави барномаи "Имшаб" бо тағйироти зиёд рӯйи кор омадааст. Бо фарқ аз нашрҳои пешина, ба шумораи якуми барномаи мазкур ба ҷойи як меҳмон, панҷ мусоҳиба даъват карда шудааст. Сироҷиддин Фозилов, Валиҷон Азизов, Ҷонибек Муродов, Фаррух Ҳасанов ва Сафармуҳаммад меҳмонони нашри якуми барномаи "Имшаб" шуда, муаллиф бо эшон суҳбати хубе таҳия кардааст.
Инчунин, тафовут дар раванди барнома низ мушоҳида мешавад. Яъне, дар мавсимҳои қаблӣ, муаллифи барнома бештар ба ҳаёту фаъолияти ҳамсуҳбаташ диққат карда, кӯшиш мекард, ки доир ба кору пайкори ӯ маълумоти нав пешниҳод намояд, вале дар мавсими нав ин нукта камтар буда, он зиёдтар хусусияти фароғатӣ пайдо кардааст. Дар барнома бахшҳои гуногуни ҷолиб пешниҳод шудааст. Масалан, дар яке аз онҳо иштирокчиён муваззаф мешаванд, ки ба касе занг зада, чизе дархост кунанд. Дар рубрикаи мазкур Валиҷон Азизов ба Афзалшо Шодиев занг зада, барои баромад кардан дар маъракае шиму костюм дархост мекунад. Ё Фаррух Ҳасанов ба Мадина Акназарова занг зада, ду ҳазор доллари амрикоӣ қарз мепурсад, ки албатта, ҳар ду ҷавоби мусбат мегиранд.
Бозгашти барномае чун "Имшаб" аз он ҷиҳат хуб аст, ки ин корро як шахси ботаҷриба анҷом медиҳад ва хоҳ-нохоҳ ба сифати маҳсулоти эҷодӣ дар фазои маҷозӣ таъсири мусбат мерасад.
Ёдовар мешавем, ки барномаи "Имшаб" солҳои пеш дар Телевизиони Тоҷикистон пахш мешуд. Пасон, дар YouTube роҳандозӣ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”
Кори расмӣ дар Кореяи Ҷанубӣ. Аз корҷӯёни тоҷик чӣ талаб карда мешавад?
Чор голи беҷавоби “ПСЖ”. Оё “Реал Мадрид” аз ин бозӣ дарс мегирад?
Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд
