Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Интизориҳо аз Хадамоти алоқа: нархи арзону сифати баланди интернет
Бинобар иттилои раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло дар ояндаи наздик сифати интернет дар кишвар беҳтар шуда, он аз суръати 4G+ ба 5G гузаронида мешавад.
Исфандиёр Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи кишвар зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз доир гашт, афзуд, ширкатҳои таъминкунандаи интернет барои беҳтар кардани сифат ва поён кардани арзиши хизматрасонӣ вазифадор шудаанд.
Дар нишаст иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 798 стансияи базавӣ насб карда шуд. Илова бар ин, зиёда аз 300 километр хати нави нурӣ барои вусъат бахшидани фаъолияти мунтазами стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насб гардидааст. Ҳамчунин, барои беҳтар шудани сифати хизматрасонии интернет аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ мошинҳои махсуси алоқаи сайёр ба истифода дода шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни ба шабакаҳои алоқаи барқӣ пайвастшуда 8 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 5 миллиони он муштарии фаъол мебошанд. Аз ин шумора, истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”