Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Конвенсия оид ба ҳуқуқи маълулон ба тасвиб мерасад
Тибқи иттилои Сайдалӣ Бобохонзода, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Нақшаи миллӣ барои қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон таҳия шуда, дар назар аст, ки соли ҷорӣ ба тасвиб бирасад.
Дар нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки 27-уми январ доир гашт, афзуда шуд, Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқи маъюбон» ҳанӯз соли 2018 аз сӯи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.
Моҳи декабри соли 2006 аз тарафи Маҷмаи умуми СММ Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқи маъюбон» қабул шудаву соли 2008 ба қувваи иҷро даромада буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми марти соли 2018 аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюбон мебошад.
Конвенсияи мазкур масъалаҳои гуногуни алоқаманд ба ҳуқуқи маъюбонро дар бар мегирад. Чунончӣ, дар банди сеюми моддаи 7 омадааст: “Давлатҳои аъзо баҳри таъмини он мекӯшанд, ки кӯдакони маъюб барои ифодаи озоди ақидаҳои хеш оид ба тамоми масъалаҳои ба онҳо дахлдошта ҳуқуқ дошта бошанд, зимнан ба ақидаҳои кӯдакон бояд мутобиқ ба синну сол ва камолоти онҳо аҳамияти зарурӣ дода шавад ва дар қатори кӯдакони дигар аз ёрие бархӯрдор гардад, ки ба маъюбӣ, синну сол ва татбиқи ин ҳуқуқҳо мувофиқат кунад”.
Инчунин, дар нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шахсони имконияташон маҳдуд ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳо барои бо кор таъмин кардан, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ, гузаштан аз ташхиси тиббӣ, гирифтани замин ва манзили зист ворид гардидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд