3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:55, Душанбе
23.01.2025 12:03

Презденти Ӯзбекистон мехоҳад экспорти маҳсулоти нассоҷӣ ба 7 миллиард доллар расонида шавад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо судури як фармон ба корхонаҳои нассоҷӣ дастур додааст, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти нассоҷӣ то соли 2027 ба 7 миллиард доллар расонида шавад.

Шавкат Мирзиёев ин фармонро бо мақсади рушди занҷираи саноати нассоҷӣ, либосворӣ ва бофандагӣ имзо кард. Фармони имзошудаи президент аҳдофи калидиро барои давраи солҳои 2025-2027 мушаххас мекунад.

Тибқи фармони президент, ҳаҷми содироти маҳсулоти нассоҷӣ то соли 2025 4 миллиард доллар, то соли 2025 5 миллиард доллар ва то соли 2027 ба 7 миллиард доллар мерасад. Дар баробари ин, ҳиссаи содироти маҳсулоти тайёр ба бозорҳои ИМА ва Аврупо 500 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Бар асоси маълумоти агентии омори ин кишвар аз рӯйи натиҷаҳои моҳҳои январ-декабри соли 2024 маҳсулоти нассоҷӣ ба маблағи 2 миллиарду 870 миллион доллар содирот шудааст, ки 10, 6 % ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 6, 7% кам шудааст.

Таъкид мегардад, ки вазни қиёсии нассоҷии тайёр ва бофандагӣ дар экспорти умумӣ ба 70 фоиз мерасад. Ин аз намуди технологияҳои пешрафта, қарорҳои муосири тарҳрезӣ ва ҷалби брендҳои ҷаҳонӣ ба даст оварда мешавад.

Барои рушди саноати Ӯзбекистон дар нақша аст, ки сармоягузории хориҷӣ ва қарзҳоро барои пешрафти соҳаи нассоҷӣ ҷалб намоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.