«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Озмуни «Олими сол» баргузор мешавад. Киҳо иштирок карда метавонанд?
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақому мартабаи олимону омӯзгорон дар ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, навоварӣ ва эҷодкорӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмӣ озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол»-ро эълон кард.
Тибқи иттилои Вазорат озмуни мазкур миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи самтҳои зерин гузаронида мешавад: равияи фанҳои геология, химия, биология, экология, география; равияи фанҳои риёзӣ; равияи фанҳои физика, астрономия; равияи фанҳои техникӣ; равияи фанҳои технологӣ; равияи фанҳои тиббӣ ва фармасевтӣ; равияи фанҳои иқтисодӣ; равияи фанҳои таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ; равияи фанҳои фалсафа, сотсиология, диншиносӣ, психология; равияи фанҳои филология, лингвистика, журналистика, фарҳангшиносӣ.
Гуфта мешавад, ки дар озмуни «Олими сол» олимон ва омӯзгороне, ки дорои дараҷаи илмӣ мебошанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад