Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Заминларза Хоруғ ва Шаҳритӯсро такон дод
Рӯзи 6-уми январ ду заминларза дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Хоруғ ва ноҳияи Шаҳритӯс рӯй дод. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилои кумитаи зикршуда заминларзаи якум соати 9:32 дақиқа рух дод. Маркази заминларза 56-километрии ҷанубу шарқи Хоруғ (ВМКБ) ва дар ҳудуди Афғонистон будааст.
Бар асоси хулосаи Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шиддати заминларза дар маркази он 3 дараҷа ва дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ишкошим 2 дараҷа буд.
Заминларзаи дуюм бошад соати 12:17 дақиқа дар 68-километрии ҷанубу шарқи Шаҳритӯси вилояти Хатлон рух додааст. Шиддати заминларзаи дуюм дар марказаш 3 дараҷа ва дар ноҳияи Шаҳритӯс 2 дараҷа будааст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи зилзилахезтарин кишварҳои ҷаҳон аст. Ҳар сол садҳо зилзила дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”