Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон бинои Филармонияи давлатиро баъд аз навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои Филармонияи давлатиро, ки навсозӣ ва таъмири замонавӣ шуд, ифтитоҳ намуданд.
Бояд гуфт, ки бинои Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир ва навсозӣ шуда, барои ҳунармандон фазои хуби кориву эҷодӣ муҳайё сохта шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент дар ҷараёни корҳои таъмир ва навсозӣ даҳлезҳо, толори барҳавои муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон таъмиру навсозӣ шудааст. Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга, монитори калон насб карда шудааст. Дар маҷмуъ, дар толор барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҳунарӣ шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.
Намои берунии бино комилан навсозӣ шуда, фаввораҳо барқарор ва саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишию сояафкан оро ёфтааст.
“Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифодаи босамар аз имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар, эҷоди оҳангу сурудҳои баландмазмун, ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба кор, талқини худшиносӣ ва маънавиёти баланд дар ниҳоди шаҳрвандон ҳидоят намуданд” – овардааст Дафтари матбуоти президент.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”