Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистонро муайян кард.
Тибқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 4-уми декабр нашр гардид, интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо рӯзи 2-юми март доир мегардад.
Интихоби вакилони аъзои нави Маҷлиси миллӣ 28-уми марти соли 2025 баргузор карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки вакилони ҳар ду палатаи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои панҷ сол бо овоздиҳии мустақим интихоб карда мешаванд.
Охирин интихоботи вакилони парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 баргузор гардида буд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунанд, ки аз 7 ҳизб 6 тои он дар парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон мандати вакилӣ доранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксари курсиҳои парлумонро дар ихтиёр дорад. Ҳизби сотсиалистии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Ҳизби комунистии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парлумон намоянда доранд. Ҳизби сотсиал-демократи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худро ҳизби оппозитсионӣ медонад, дар ҳеч кадом интихоботҳои баргузоршуда натавонистааст, ки вориди парлумон шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”