Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
“Барқи тоҷик”: “Дар вақти маҳдудияти барқ содироти он ба Афғонистон имкон надорад”
Ширкати “Барқи тоҷик” ҷузъиёти созишномаи барқ ба Афғонистонро шарҳ дода, таъкид кардааст, ки дар замони маҳдудияти барқ дар дохили кишвар содироти он ба Афғонистон имкон надорад.
Сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ дар матлабе, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” навиштааст, масъалаи содироти барқ ба Афғонистонро шарҳ додааст. Дар ин шарҳ ӯ таъкид мекунад, ки бархеҳо фаҳмида ё бо ҳадафи иғво дар ин маврид ҳар хел овоза паҳн мекунанд: “Дуруст аст, ки мо бо ширкати “Брешно” барои ба Афғонистон интиқол додани барқ шартнома дорем, вале ин шартнома аз моҳи май то моҳи сентябрро фаро мегирад ва ҳангоми маҳдудият, барқи мо пурра дар дохили кишвар истифода мешавад” – зикр кардааст дар матлаби худ Нозир Ёдгорӣ.
Қаблан, ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буд, ки “барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва таҷҳизот, дар ҳаҷми начандон зиёд неруи барқ ба Афғонистон интиқол дода мешавад”.
Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкати “Брешно” –и Афғонистон созишномаи содироти барқро имзо намуд. Тибқи он Тоҷикистон вазифадор аст, ки ба Афғонистон дар соли 2025 низ барқ интиқол диҳад. Шартномаи фурӯши барқ ба Афғонистон дар соли 2008 бо ширкати афғонистонӣ имзо шуд, ки ҳар сол мақомоти ширкатҳои ду кишвар замимаи шартномаро барои тамдиди содироти барқ имзо мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”