Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ҳукумат ба сокинони зарардидаи Сангвор 17 хонаи истиқоматӣ сохт
Ба сокинони ноҳияи Сангвор, ки хонаҳояшон дар натиҷаи офатҳои табиӣ вайрон шуда буд, 17 хонаи замонавӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд зикр кард, ки хонаҳои истиқоматӣ якошёна буда, ҳар кадоми онҳо дорои 4 ҳуҷа мебошанд. Гуфта мешавад, ки дар онҳо тамоми инфрасохтори зарурӣ барои кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.
Тибқи супориши Сарвари давлат саривақт хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда ва ба сокинони зарардида кумакҳои дигар расонида шуд.
Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазир ва мақомоти ноҳия ба сифати хонаҳои истиқоматӣ аз наздик шинос шуданд.
Ҳар сол дар Тоҷикистон дар натиҷаи офатҳои табиӣ хонаҳои истиқоматии сокинон зарар мебинад ва миллионҳо доллар хисорот ворид мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”