Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзол дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд
Рӯзи 18-уми ноябр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба вилояти Суғд дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳр Бӯстон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд.
Таҷҳизоти корхонаи ифтитоҳшуда аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид шудааст, ки зарфияти истеҳсоли он то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як моҳро дорад.
Дар корхона 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, дар он 50 навъи пойафзол истеҳсол карда мешавад. Иқтидори корхонаи мазкур дар тӯли як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол мебошад.
Масъулини корхона дар нақша доранд, ки дар марҳилаи дувум истеҳсоли таги пойафзол ва васеъ намудани иқтидори тавлидотии корхонаро ба роҳ монанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ошноӣ бо рафти фаъолияти корхона ба масъулини соҳа ҷиҳати истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармоя, барқароркунии иқтидорҳои бекормонда, васеъ кардани имкониятҳои истеҳсолӣ тибқи технологияи тавлидкунандаи маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот супоришҳои мушаххас доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”