Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон 100 фоиз ва пеш аз муҳлат иҷро шуд
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пеш аз муҳлат ва дар сатҳи зарурӣ иҷро гардид.
Ин вазорат гуфтааст, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр пурра иҷро гардида, вале барои баррасии муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти комиссияи даъватӣ то охири моҳи ноябр идома меёбад.
Вазорат иттилоъ додааст, шумори ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ пайвастанд, имсол хеле зиёд буда: “Бештари довталабони хизмати ҳарбиро ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкунандагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа” – и Вазорати мудофиа, ки асосан мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Қувваҳои мусаллаҳ омода менамоянд, ташкид медиҳанд”- омадааст дар иттилоияи Вазорат.
Қобили зикр аст, ки ҳар сол дар Тоҷикистон ду навбат даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар баргузор мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”