Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли дучархаро ифтитоҳ намуданд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми ноябр дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли дучарха ва дигар бочизаҳои мухталифи бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл”-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – “Саноатикунонии босуръати кишвар” сохта шудааст.
Дастгоҳ ва таҷҳизоти корхонаи мазкур аз кишварҳои пешрафта ворид шуда, имкон фароҳам меоварад, ки ҳаҷми истеҳсолоти бо сифат афзун гардад.
Қобили зикр аст, ки масоҳати умумии коргоҳи истеҳсолӣ беш аз 3 ҳазору 300 метри мураббаъ буда, бо истифода аз ашёи хоми баландсифат дар он 5 навъи дучарха, барои калонсолон ва кӯдакон истеҳсол мегардад.
Дар ҷараёни боздид сарвари кишвар бо фаъолияти коргоҳи коркарди оҳан, кафшергарӣ, рангубор ва бандубасти дучархаҳо шинос шуданд.
Маҳсулоти гуногуни корхона ба тамғаи “Адл” ба бозорҳои шаҳри Душанбе, Хатлон ва Суғд интиқол меёбад. Маҳсулоти корхона ҷавобгӯйи стандарти байналмилалӣ мебошад.
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”