Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Дар Истаравшан корхонаи антифризи “Кули Сарез” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар доираи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кули Сарез” – ро мавриди истифода қарор доданд.
Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Холмаҳмадов, бо харҷи наздики як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Масоҳати умумии корхона 22 сотиқ буда, он дорои анбори нигоҳдории ашёи хом, маҳсулои тайёр, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар он 17 нафар сокинони маҳаллӣ, ки 9 нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Бояд гуфт, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 310 тонна антифриз мебошад. То замони бунёди ин корхона маҳсулоти антифриз аз хориҷи кишвар ворид мегардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”