Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориҳоро дар соҳаи саноат ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва муовини Вазири энергетика ва захираҳои маъдани Ҷумҳурии Туркия Ахмет Барет мулоқот намуда, масъалаи коркарди истихроҷи маъдан, ҳамкориҳои соҳаи саноат, химия, сохтмон ва соҳаи технологияҳои навинро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Мулоқоти мазкур дар чорчӯби Форуми байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия ва намоишгоҳи Тоҷикистон доир гардидааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо таъкид намудаанд, ки ҳамкориро дар бахшҳои мухталифи саноат, аз ҷумла истихроҷи маъдан, кимиё, сохтмон ва соҳаи технологияҳои нав густариш хоҳанд дод.
Ҳамчунин, Тоҷикистон ба ҷониби Туркия пешниҳод карда, ки имконияти ташкили Парки саноатии Тоҷикистон ва Туркия барои ташкили корхонаи муштараки истеҳсоли панелҳо ва инвертерҳои офтобӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон ва сармоягузорони Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”