Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Дар Тоҷикистон суръати рушд дар 9 моҳи ахир 8,4 фоизро ташкил дод
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар 31-уми октябри соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доир гашт, таъкид намуданд, дар 9 моҳи охир маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 8,4 фоиз рушд кардааст.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2024 баррасӣ гардиданд. Президенти кишвар натиҷаҳои рушди иқтисодии соли 2024 –ро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо дастуру супориш доданд.
Таъкид гардид, ки тибқи натиҷагириҳо маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар 9 моҳи соли равон 8,4 фоиз рушди босуръат кард. Дар ин давра, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ беш аз 15 фоиз, мусофиркашонӣ ва гардиши савдо 12 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7 фоиз афзоиш доштааст.
Сатҳи таваррум тибқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар ин давра 3 фоизро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”