Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон: “Захираи маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст”
Дар паёми худ ба муносибати иди Меҳргон Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон захира намудани маҳсулоти озуқавориро боназардошти шароити муосири ҷаҳонӣ масъалаи хеле муҳим дониста, афзуд, ки дар натиҷаи торафт ноорому бесубот гардидани авзои сайёра, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо муҳимму мубрам гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки тайи солҳои ахир дар бораи захираи дусолаи маҳсулоти озуқаворӣ таъкид мекунад ва зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шавад: “Ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат кунем, доим дар фикри аҳли оила ва фарзандони худ бошем, дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ, хусусан дар истифодаи неруи барқ сарфаю сариштакор бошем, ба исрофкорӣ роҳ надиҳем ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро ҳатман риоя номоем”.
Таъкид гардид, ки дар баробари кишоварзони мамлакат ҳар оилае, ки замини наздиҳавлигӣ ва имконият дорад, баҳри истифодаи оқилонаи он ва истеҳсоли ҳар чӣ бештари маҳсулот талош кунад, то ҳам хонаводаи худро таъмин намояд ва ҳам дар таъмини маҳсулоти истеъмолӣ саҳмгузор бошад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”