Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Зоҳидӣ: “Ҳаҷми мубодилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон панҷ баробар афзуд”
Сафири Тоҷикистон дар Эрон - Низомиддин Зоҳидӣ дар дидор бо раиси шаҳри Табрез - Яъқуб Ҳушёр гуфт, ҳаҷми мубодилоти тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2023 аз 57 миллион доллар дар соли ҷорӣ ба 300 миллион доллар расида ва рушди панҷ баробарӣ дорад.
Ӯ дар ин мулоқот таъкид кард, ки равобити ду кишвар дар тамоми сатҳҳо рӯ ба густариш аст. Сафир бо ёдоварӣ аз сафари президентҳои ду кишвар дар соли ҷорӣ чунин таъкид намуд: “Сафарҳои мақоми аршади ду кишвар дар соли 2024 нишон аз алоқамандии давлатҳо барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба аст ва дар дигар сатҳҳои мудириятӣ низ ин ҳамкориҳо амалӣ ва рӯ ба густариш мебошанд”.
Низомиддин Зоҳидӣ дар мулоқот бо раиси шаҳри Табрези Эрон аз омодагии Тоҷикистон барои баргузории ҳафтаи фарҳангӣ дар ин шаҳр изҳори омодагӣ намуда, афзудааст: “Барномаҳои фарҳангии мо дар сатҳи олӣ идома доранд. Дар канори он дар намоишгоҳҳо ва ҷашнвораҳо низ ширкат дорем”.
Сафири тоҷик зикр кард, дар мулоқотҳои президентҳои ду кишвар таъкид шуда буд, ки яке аз шеваҳои ҳамкорӣ эҷоди ҳамкорӣ байни минтақаҳо, вилоятҳо ва шаҳрҳо мебошад.
Сафир аз камранг шудани муносибати байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Табрез ёдовар шуда, зарурати тақвияти ҳамкориҳоро таъкид намуд.
Низомиддин Зоҳидӣ аз пешниҳоди раиси шаҳри Табрез дар хусуси баргузор кардани ҳафтаи фарҳангии Табрез дар Хуҷанд истиқбол намуд.
Ёдвар мешавем, ки сафири Тоҷикистон дар Теҳрон барои ширкат дар намоишгоҳи саноати дастӣ ва сиюмин намоишгоҳи сайёҳӣ ба шаҳри Табрез рафта, суханронӣ ва бо як қатор масъулини расмии ин шаҳр дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”