Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Моувини вазир: “Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия 30 фоиз афзоиш ёфт”
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия аз 1-уми январ то моҳи сентябри соли ҷорӣ 30 фоиз афзоиш ёфта, воридот бошад 38 фоиз зиёд шудааст. Рӯзномаи “Известия”-и Русия аз қавли Нигина Анварӣ, муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ин хусус иттилоъ додааст.
Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд: “Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар тавозуни умумии савдои хориҷии кишвари мо беш аз 70 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ содироти маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия беш аз 30 фоиз ва воридот аз Русия беш аз 38 фоиз афзудааст”.
Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ таъкид кардааст, ки содироти нахи пахта 62%, меваю сабзаҷот 47% ва меваи хуш 68% афзоиш ёфтааст.
Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо Русия дар бахши хоҷагии қишлоқ ва афзоиши содирот манфиатдор аст ва дар ин замина, метавонад боз бештар маҳсулоти мухталифи хоҷагии қишлоқро содир кунад.
“Мо пешниҳод менамоем, ки ба мақсади ба низом даровардани комплекси мураккаби истеҳсолӣ ва логистикии содироти маҳсулоти кишоварзӣ на танҳо ба Федератсияи Русия, балки ба кишварҳои мухталиф, ба истеҳсолкунандагони худамон долонҳои содиротии мувофиқи талаботи стандарти байналмилалӣ бо камтарин хароҷот ба вуҷуд оварем” – гуфтааст, Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзӣ.
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”