Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Дарёфти иҷозатномаи ҷашну маросим электронӣ шуд
Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд шаҳрвандон метавонанд барои гузаронидани ҷашну маросим иҷозатномаи электрониро бо дархости онлайнӣ дарёфт намоянд. Дар ин хусус кумитаи мазкур бо фиристодани паёмак (СМС) ба телфонҳо хабар дод.
Масъулини Кумита мегӯянд, ки барои осонии кори шаҳрвандон иқдоми мазкур роҳандозӣ шудааст ва акнун сокинон метавонанд, бо сабти ном дар сомонаи Кумита иҷозатномаро дарёфт кунанд. Иҷозатномаро бо ворид шудан ба сомонаи Кумита, ки tаnzim.tj аст, метавон дарёфт кард.
Тибқи иттилои кумитаи мазкур барои дарёфти иҷозатномаи электронӣ ҷиҳати гузаронидани ҷашну маросим шаҳрвандон аз тариқи сомона дархост мекунанд ва масъулон бошанд бо дидану санҷидани дархост иҷозати баргузории ҷашну маросимро медиҳанд.
Бояд ёдовар шуд, ки тибқи қонун шаҳрвандон барои гузаронидани ҷашну маросим бояд аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо иҷозатнома гиранд. Дар сурати нагирифтани иҷозатнома муҷозот пешбинӣ шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”