31 Октябр 2026,
шанбе, 10:06, Душанбе
14.10.2024 14:35

Эмомалӣ Раҳмон: “Бисёр масъалаву мушкилоти сокинони Бадахшон бартараф гардидааст”

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 13-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои 33–юмин солагарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари кишвар зимни суханронӣ таҷлили бошукӯҳи Истиқлол аз тарафи мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат арзёбӣ намуда, чорабинии мазкурро самари Истиқлол, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон номиданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб дар ёд доранд, ки кишвари мо дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои нахустини он масири бениҳоят вазнину душвор ва пур аз монеаву мушкилотро сипарӣ намуд. Вале мардуми мо ин роҳи душвору сангинро ба хотири ҳифзи  истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан бо сабру таҳаммул ва заҳмати содиқонаву аҳлона тай карданд”.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳ таъкид намуданд, ки ҳукумати кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти сокинонро бартараф намуда, симои шаҳру ноҳияҳоро куллан дигаргун кардааст. Дар интиҳои суханронӣ сарвари кишвар таъкид намуданд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талош карда, дар таҳкиму тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзишманд мегузоранд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.