Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ифтитоҳи бинои 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Сарвари давлат
Дар идомаи сафар ва боздиду мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Хоруғ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои 15 ошёнаи истиқоматиро дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемур ба истифода доданд.
Бинои истиқоматии мазкур дорои марказҳои хизматрасонӣ, 128 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор буда, мутобиқи шароити муосири зист сохта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон бо супоридани калиди манзилҳои истиқоматӣ ободкориву созандагиҳоро дар шаҳри Хоруғ ба шарофати Истиқлоли давлатӣ қайд намуда, расидан ба қадри ин неъмати бузургро муҳим шумориданд.
Дар ошёнаи якуми бино ва таҳхонаи он марказҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар оянда то 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Бинои баландошёнаи мазкур, ки аз тарафи ҶДММ “Помирсоз” бар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ соли 2021 оғоз шуд, то ин муддат шумори зиёди сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин намуд.
Сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ бар асоси нақшаи генералӣ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар Хоруғ биноҳои баландошёна хеле каманд ва дар замони Шӯравӣ аксаран биноҳои аз 4 то 9 ошёна сохта мешуданд.
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”