Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон Дар фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиеевро пешвоз гирифт
18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Муҳтарам Шавкат Мирзиеев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омаданд.
Дар фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе меҳмони баландпояро ба нишони эҳтиром ва самимият, ҳамсоягии нек Ва бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифтанд.
Барои мулоқоти арзандаи Меҳмони баландпояи Президенти давлати дӯстонаи ҳамсояи Узбекистон майдони фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе бо портретҳои сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои Давлатии Тоҷикистону Узбекистон оро дода шуд.
Меҳмони баландпоя инчунин бо шумораи зиеди ҷавонон ва наврасон бо рангҳо ва парчамҳои ду кишвари дӯстона ва шиорҳои сурудани дӯстии халқҳо пешвоз гирифта шуд.
Зимни суҳбати самимие, Ки дар фурудгоҳ миени ду сарвари давлат сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Муҳтарам Шавкат Мирзиеевро бо омадани Ӯ ба Тоҷикистон самимона истиқбол намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ, дӯстӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамбастагии кишварҳо мусоидат хоҳанд кард.
Манбаъ: НИАТ Ховар
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”