Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии"Бозии оянда" ширкат варзид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ Бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори баландпоя дар Шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии мультиспортии "Бозии оянда", ки аз 21 феврал то 3 марти СОЛИ ҷорӣ дар маҷмааи намоишгоҳи "ҚАЗОНИ ЭКСПО" баргузор мешавад, иштирок намуданд.
Тавре хабар дода шуд, иштирокчиени ин мусобиқа, ки зиеда аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, дар 21 намуди бозиҳои ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва виртуалӣ рақобат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи созмондиҳандагони мусобиқа, ин намуди бозиҳо бори аввал ташкил ва баргузор мешаванд ва онҳо умедворанд, ки ин ташаббус имрӯз ва дар оянда таваҷҷӯҳи бисер варзишгарон ва ҳаваскоронро ба худ ҷалб мекунад ва дар асл бозиҳои оянда дар ҷаҳон хоҳад буд.
Бояд қайд кард, ки дастаи Тоҷикистон дар ҳайати 35 варзишгар низ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунад.
Манбаъ: НИАТ Ховар
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”