Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ариповро қабул кард
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ариповро қабул кард, Ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии комиссияи Муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба Тоҷикистон омад.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарикии ду кишвар баррасӣ гардид.
Дар Баробари ин, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии комиссияи Муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, баррасӣ шуданд.
Бо ишора ба афзоиши тиҷорати дуҷониба, ки ҳаҷми он соли гузашта беш аз 504 миллион долларро ташкил дод, таъкид гардид, ки имконот ва захираҳо барои афзоиши такрории ин нишондиҳанда мавҷуданд. Дар ин замина, ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла истеҳсоли "энергияи сабз" ва рушди "иқтисоди сабз"диққати калон дода шуд.
Инчунин яке аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат баррасии роҳҳои васеъ кардани робитаҳои илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-таълимӣ буд.
Манбаъ: НИАТ Ховар
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”