3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:10, Душанбе
11.05.2024 12:18

ИМА Исроилро дар вайрон кардани ӯҳдадориҳои байналмилалӣ гумонбар донист

Маъмурияти Президенти ИМА Ҷо Байден Исроилро дар вайрон кардани ӯҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи аҳолии осоишта гумонбар донист.

Тавре ки дар гузориши маъмурияти амрико қайд шудааст, Исроил метавонист силоҳи ИМА-ро ба таври ғайримуқаррарӣ истифода барад. ДАР ин бора ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ CNN хабар медиҳад.

Дар ин мавод гуфта мешавад, ки роҳбарияти ИМА дар бораи истифодаи силоҳҳои истеҳсоли амрико аз ҷониби низомиени исроилӣ маълумоти пурра надорад, аммо дар маъмурияти президент чунин эҳтимолиятро истисно намекунанд.

Пештар аксарияти иттифоқчиени ИМА аз овоздиҳӣ дар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба қатъномаи Фаластин худдорӣ мекарданд. Ин санадро нӯҳ давлат дастгирӣ накарданд

Манбаъ: "Lenta.ru"

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.