Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.
Бино ба гузориши хабаргузориҳои Чин, Си Ҷинпин ин мавқеъро дар маросими таҷлил аз “Рӯзи байналмилалии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин” дар Созмони Милали Муттаҳид баён кардааст.
Ба иттилои расонаҳо, роҳбари Чин таъкид кардааст, ки масъалаи Фаластин меҳвари аслии буҳрон дар Осиёи Ғарбӣ ба шумор меравад ва танишҳои кунунии минтақа набояд боиси дур шудани таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ аз ин масъала шаванд.
Си Ҷинпин ҳамчунин, зарурати риояи “роҳи ҳалли ду давлат”-ро таъкид карда, хостори азсаргирии музокироти сулҳомез миёни Фаластин ва Исроил шудааст. Ин тарҳ таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар баробари Исроил пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, идораи Каронаи Ғарбӣ ва бозсозии Ғазза пас аз ҷанг бояд бар асоси асли “соҳибихтиёрии фаластиниҳо бар сарнавишти худ” сурат гирад. Ӯ таъкид кардааст, ки ҳар гуна талош барои тасарруфи сарзаминҳои Фаластин ва поймол кардани ҳуқуқи сокинони он маҳкум ва ғайриқобили қабул аст.
Сарвари давлати Чин ҳамчунин, аз зарурати барқарории оташбаси пойдор дар Ғазза ва таъмини амнияти аҳолии осоишта сухан гуфтааст. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ки мувофиқаҳо ва уҳдадориҳои худ дар мавриди пуштибонӣ аз мардуми Фаластинро ба иқдомҳои амалӣ табдил диҳанд.
Си Ҷинпин дар идомаи суханронии худ гуфтааст, ки адолат набояд дар ҳалли масъалаи Фаластин нодида гирифта шавад. Ба таъкиди ӯ, Чин минбаъд низ аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ пуштибонӣ карда, бо кишварҳои сулҳдӯст ва тарафдори адолат ҳамкорӣ хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин, изҳор доштааст, ки Пекин бо такя ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо ҳадафи баррасии сабабҳои аслӣ ва паёмадҳои масъалаи Фаластин, талошҳои худро барои расидан ба роҳи ҳалли ҳамаҷониба, одилона ва пойдори ин масъала идома медиҳад.
Ба гуфтаи роҳбари ҷумҳурии Чин, ҳадафи ниҳоии ин талошҳо на танҳо таъмини амният ва суботи дарозмуддат дар Осиёи Ғарбӣ, балки саҳмгузорӣ дар сулҳ, субот, рушд ва шукуфоии ҷаҳон мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд