25 Ноябр 2026,
чоршанбе, 14:40, Душанбе
25.11.2026 14:05

Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ

Милитсияи пойтахт як ҷавонро, ки ҷавондухтареро аз фоҷиаи эҳтимолӣ наҷот дод, қадрдонӣ кард.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе навиштааст, ки Хайруллозода Самиалло, сокини пойтахт ҷавондухтареро, ки дар назди Варзишгоҳи марказии пойтахт бо мақсади худкушӣ мехост худро аз баландӣ ба дарёи Душанбе ҳаво диҳад, аз фоҷиаи эҳтимолӣ наҷот дод.

Иттилоъ дода мешавад, ки бо мақсади қадршиносӣ аз ин амали нек Хайруллозода Самиалло аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.
25.11.2026 14:15

Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард

Ҳизби “Яшар” бо раҳбарии Гади Айзенкот, раиси пешини Ситоди кулли артиши Исроил, дар пайи интихоботи моҳи гузашта бо яке аз аҳзоби мухолифи ростгаро барои ташкили эътилофи ҳукуматӣ ба созиш расидааст. Ин нахустин созиши эътилофӣ миёни аҳзоби сиёсӣ пас аз интихобот ба шумор меравад.
25.11.2026 14:07

Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд

Имрӯз, 25-уми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
25.11.2026 12:09

“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо

Яке аз бозиҳои ҷолиби даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо рақобати “Реал Мадрид” ва “ПСВ” буд, ки бо ҳисоби 5:1 ба фоидаи дастаи шоҳона ба анҷом расид.
25.11.2026 08:34

Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд

Имрӯз, 24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор машваратҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
25.11.2026 08:31

Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26–ум то 29-уми ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мегардад.
24.11.2026 13:43

Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон чорумин кишварест, ки пас аз дархости Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расман раванди хориҷ шудан аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро оғоз кардааст. Ин тасмим дар ҳоле сурат мегирад, ки додгоҳи мазкур моҳи сентябр Тоҷикистонро барои боздошт накардани президенти Федератсияи Русия дар вақти сафараш ба шаҳри Душанбе дар соли 2025 интиқод намуда буд.
24.11.2026 13:23

Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад

Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо имконияти роҳандозии парвозҳои мустақим, зиёд шудани теъдоди парвозҳо ва густариши ҳамкориҳои авиатсиониро баррасӣ намудааст. Ин масъала дар мулоқоти намояндагони мақомоти авиатсияи Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ дар шаҳри Монреали Канада матраҳ шудаанд.